АМАЛИЁТИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ” ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» санаи 28 ноябри соли ҷорӣ дар оромгоҳи деҳаи Боҳтурободи ҷамоати деҳоти Гулистон дар ҳамбастаги бо бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант гузаронида шуд. Дар Аксияи мазкур кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, муовини ҷамоати деҳоти Гулистон, раисони маҳаллаҳо, 10 нафар волонтёри ҳизбӣ ва зиёда аз 35-нафар сокинони меҳнатдӯстӣ деҳаи номбурда иштирок намуда, саҳми худро дар ин аксия гузоштанд. Зимни баргузории аксияи ҳизбӣ корҳои тозагӣ ва ободонӣ гузаронида шуд, ки дар он волонтёрон ва сокинон бехи дарахтонро аз хасу хошокҳо тоза карданд. Ҳамзамон дар натиҷаи гузаронидани ҳашари умумӣ аз тарафи масъулин ба иштирокчиён муҳтаво ва ҳадафи аксияи мазкурро фаҳмонида, қайд гардид, ки онҳо метавонанд минбаъд низ ҳар моҳ чунин кори хайрро амалӣ намуда, рӯҳи гузаштагони худро шод намоянд.