АВЗАЛИЯТИ РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРД!

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ташкилоти ибтидоии "Роҳсозон"-и назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар доираи дастури Протоколии ҷаласаи панҷвақтаинаи назди раиси шаҳри Левакант муҳтарам Файзиддинзода Бунафша, ки аз дастуру супоришҳои раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад дар роҳҳои автомобилгарди шаҳри Левакант корҳои рангуборкунии аломатҳои роҳҳои автомобилгардро дар сифати хуб ба анҷом расонида истодаанд. Ингуна чорабиниҳо бахшида ба таҷлилии сазовори 35-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант роҳандозӣ шуда истодаанд. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шахри Левакант ба роҳбар Изатуллозода Раҷабали ва аъзоёни ташкилоти ҳизбии "Роҳсозон" барои зебо намудани симои роҳҳои автомобилгарди шаҳри Левакант изҳори сипос менамояд. Левакант ба пеш!