ХОНИШИ СИЁСӢ ДАР МАКТАБИ ПРЕЗИДЕНТИИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12-24 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи Ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон тасдиқ карда шудааст, ки тибқи он ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ соати сиёсӣ гузаронида мешавад.
Бо ин мақсад дар мактаби Президентии шаҳри Кӯлоб бо иштироки омузгорони соҳибтаҷриба ва собиқадорон миёни наврасон ва ҷавонон "Соати сиёсӣ" дар мавзуҳои зерин: “Ҳифзи Ватан қарзи ҳар як шаҳрванд”, “Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ”, “Вазъи сиёсии ҷаҳон”, “Дониш андар дил чароғи равшан аст” гузаронида шуд