ТАТБИҚИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ”

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббус ва ибтикори узви Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр роҳравҳои дохили қабристони деҳаи Сангпари Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб мумфарш карда шуда истодаанд. 

Ҳамзамон, аз ҷониби валантиёрон ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон амалиёти муштараки “Рӯзи Ёдоварӣ” якшанбеи охири ҳар моҳ баргузор карда мешавад. Ин навбаи ин амалиёт дар қабристони деҳаи Сангпари Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб гузаронида шуда, гирду атрофи қабристон тозаву озода карда шуд.