ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “БАРАКАТ” АМАЛИЁТИ “МАКТАБИ МАН” БАРГУЗОР КАРДА ШУД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Муассисаи давлатии Литсейи №2-и шаҳри Кӯлоб яке аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии фаъол ба шумор рафта, аъзоёни он дар амалишавии ҳама аксияҳову ташаббусҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саҳмгузоранд.

Ин навбат амалиёти муштараки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Мактаби ман” дар ин муассиса баргузор карда шуда, аз ҷониби ҳозирин тарафдорӣ ёфт.