БАРГУЗОРИИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ”

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тавре маълум аст, якшанбеи охири ҳар моҳ амалиёти муштараки умумивилоятии “Рӯзи Ёдоварӣ” баргузор карда мешавад.

Бо ташаббус ва ибтикори узви Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр як қисмат роҳравҳои дохили қабристони деҳаи Сангпари Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб мумфарш карда шуданд.

Ҳамзамон, аз ҷониби валантиёрон ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон амалиёти муштараки “Рӯзи Ёдоварӣ”  дар ин қабристон гузаронида шуда, гирду атрофи қабристон тозаву озода карда шуд.