ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Кӯлоб:  

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон санаи 11.08.2022 дар толори маркази фарҳангии ҷавонони шаҳри Кӯлоб бо иштироки мудири шуъбаи кор ба ҷавонони КИВ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Хатлон Ғуломов Меҳроҷ, аъзои раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, муовини раиси шаҳр- Ҳамидиён Орзу, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз, инчунин намояндаи ШВКД дар минтақаи Кӯлоб, аъзоёни гуруҳи Авангард, хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳр, валантёрон, варзишгарон ва бархе аз котибони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.

Нахуст мудири шуъбаи кор ба ҷавонони КИВ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Хатлон Ғуломов Меҳроч доир ба масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ карданд. Мавсуф зимни баромади худ қайд намуд, ки хизмат ба Ватан, садоқат ба Пешво, ҳиссагузорӣ дар ободиву шукуфонии Тоҷикистони азиз бояд рисолати ҳар як ҷавони имрӯза бошад. Бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва Истиқлолияти давлатӣ ҷавонони моро мебояд, ки сарҷамъу иттифоқ баҳри ҳифзи ин сарзамину ин меҳан бошанд. Дастгириву хизматҳои сарвари давлатро дар самти ҷавонон қадр намуда, ҳомиву муҳофиз бошанд.

Сипас, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу-аз дастовардҳои ҷавонони шаҳри Кӯлоб сухан намуда, таваҷҷуҳи роҳбарияти олии давлатро дар ин самт қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Ҳамзамон Бобохонзода Ситора-сардори шуъбаи кор бо ноболиғони РВКД дар вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, Ятимов Алишер-роҳбари гуруҳи Авангарди минтақаи Кӯлоб, Шоҳинов Ҳасан-аъзои фаъоли ҲХДТ аз таваҷҷуҳи бевоситаи сарвари давлат дар самти ҷавонону наврасон ва ноболиғон, дастовардҳои ҷавонони ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун баёни андеша намуданд.

Саймуминзода Фирӯз-муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб аз нақши меҳварӣ доштани ҷавонон дар фаъолияти ҲХДТ ёдовар шуда, қайд намуданд: пешрафти ҷомеа дар тамоми соҳаҳо аз оромии он вобастагии зиёд дошта, муттаҳидиву иттиҳодии ҷавонон асоси он ба шумор рафта, муҳимияти он дар камоли иҷтимоии шахс махсус аст. Набояд фаромӯш кард, ки ҷавонон нерӯи бузург дар ҳар давру замон дониста шуда, дар меҳвари ҳамагуна тағйироту табадуллоти равандҳои ҷомеа нерӯи марказӣ маҳсуб ёфта, нақши муассир доранд.