ТАТБИҚИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ “МАКТАБИ МАН”

Кӯлоб:  

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ташаббусҳои ҲХДТ дар вилояти Хатлонро пайваста миёни қишрҳои гуногуни аҳолӣ ташвиқу тарғиб менамоянд. 

Роҳбарият ва коллективи омӯзгорону кормандони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими шаҳри Кӯлоб дар доираи ташаббуси “Мактаби ман” корҳои таъмириву азнавсозиро бо як ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар муассиса ташкил намуданд. Толори маҷлисгоҳ, бинои хобгоҳ, ошхонаи муассиса ба таври ҳашар аз таъмир бароварда шуда, муассиса пурра ба соли нави таҳсил омода карда шудааст.

Аз ин ҷо маълум гардид, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ натиҷа дода, ташаббусҳо дар амал татбиқ мегарданд.