ТАБЛИҒИ ТАЪКИДҲОИ РАИСИ МУАЗЗАМИ ҲХДТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МИЁНИ СОКИНОН

Кӯлоб:  

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб пайваста кӯшиш менамоянд, ки дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сари вақт иҷро намуда, миёни сокинон корҳои фаҳмондадиҳиро гузаронанд.

Ба ҳамин хотир аз ҷониби мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Нусратова Шаҳноза миёни сокинони маҳаллаи Шамсиддин Шоҳин корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ гузаронида шуд. Ба сокинон, махсусан ба занон фаҳмонида шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”-ро риоя ва сарфаю сариштакорӣ намуда, маводи хӯрокаро барои оилаи худ то қадри имкон захира намоянд.