ЗӮРИИ МУШТ АЗ ВАҲДАТИ АНГУШТ МЕОЯД БУРУН...

Кӯлоб: Вокуниш  

Ватани мо-Тоҷикистон баъди соҳиби истиқлолияти давлатӣ гаштан ба гирдоби дассисаҳои душманони дохилӣ ва бурунмарзӣ афтод ва ҷанги бародаркуш бар сари мардуми мо харобию бадбахтиҳои зиёдеро овард. Бехонумонӣ, ғарибӣ, муҳоҷирати иҷборӣ ба мамлакатҳои ҳамсоя ва дур аз он, мазори ғарибони дур аз ватанафтода, қалбҳои мардуми тоҷикро шикаставу ноумед сохт. Давлати ҷавон ва миллати дар тулии таърих азиятдидаро бори дигар хатари нестию парокандагӣ фаро гирифт. Оқибат дар Иҷлосияи ХVI–уми Шӯрои Олии мамлакат, интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Раиси Шӯрои Олӣ дар дили халқ шуълаи умедро барафрухт. Билохира халқи пурармони тоҷик сарвари лоиқи худро ёфт. Бо ба имзо расидани созишномаи Ваҳдати миллӣ сулҳу суббот оғуши пурбаракати худро ба руи халқи тоҷик кушод. Шоири зиндаёди тоҷик Лоиқ Шералӣ аз ин илҳом гирифта гуфтааст: 

Раҳми Парвардигори мо омад,

Нури ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги бунёдсузи мо бигзашт,

Сулҳи бунёдкори мо омад.

Пири Канъоно чашми ту равшан,

Юсуфи деринтизори мо омад.

 

 Бале сарваре, ки ҳазорсол боз интизораш будем ба мо ваҳдату сулҳу амонӣ як дилию якпорчагии Ватани азизамонро армуғон овард.

 Аммо таъмини сулҳу суббот, хусусан, дар ин ҷаҳони пур аз тазод кори саҳлу осон набуд ва нест. Даҳшати он ҷанги бародаркуш ҳеҷ гоҳ аз хотири мардум ва саҳифаҳои таърихи навини кишвар фаромӯш намешавад. Пас вазифаи ҷонии ҳар яки мост, ки зиракии сиёсии худро аз даст надода, монеи душманони нотавонбини халқи азизи худ бошем ва иҷозат надиҳем, ки таърих бори дигар такрор шавад. Ҳоло ба мардуми огоҳу ваҳдатофари тоҷик пушид анест, ки душманони ваҳдат ва иттиҳоди халқ ҳанӯз дар камин буда, алайҳи манфиатҳои миллӣ сангарҳои нав месозанд. Гурӯҳҳо ва душманоне ҳастанд, ки чашми дидани ободию пешравии кишвари моро надоранд. Аммо ҷойи таасуфовараш ин ҷост, ки на танҳо бегонагон, балки баъзан душманонамон аз байни мардуми худамон хоинона аз пушт теғе мезананд ба пушти кишвари ободу зебоямон. Ҳодисаҳои гузаштае, ки дар ВМКБ рух дода далели ин гуфтаҳост. Ҳаррӯз тавассути оинаи нилгун ва дигар воситаҳои хабаррасон мебинем, ки ҷи қадар силоҳу муҳимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда мешаванд. Вақте ки ба ин манзара назар мекунем ҷи қадар нопок будани ҳадафҳои хоинони Ватану миллатро мефаҳмем. Аз пешгирии ҷунин амалҳои террористӣ ба хубӣ хулоса баровардан мумкин аст, ки сатҳи огоҳии сиёсӣ ва худшиносии миллати тоҷик дар ҳадде камолёфта, ки ҳар як ҳаракати зиддимиллиро хуб шинохтаву ба дурустӣ ташхис менамоянд. Хоинону душманони миллат инро хуб донанд, ки ғурури шикастнопазири мардуми тоҷик ҳоло ҳам побарчост, ки Ватани худро ба ҳеҷ касс надодаанд ва нахоҳанд дод. Мо бояд соҳибилм, эҷодкор, бомаърифат, бофарҳанг, меҳнатдӯст ва солимфикр бошем. Зеро танҳо шахси ватанпарвар, бомаърифат, донишманд ва баору номус қодир аст, ки нигаҳбони амнияти марзу буми аҷдодӣ ва пешбарандаи ҳаёти иҷтимоию иқтисодии халқи худ бошад.

Мо ҷавонон суханҳои таъсирбахши Асосгузори сулху Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи худ қарорд дода, бо ифтихор суханони ӯро вирди забон меорему мегӯем: «Мо як Ватан, як забон ва як миллат дорем, ки номаш Тоҷикистон аст» ва ин Ватани ба ҷону дил баробарро дӯст медорему қадр менмоем. Бо пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ба суйи фардои ободу зебои ватан гомҳои устувор мегузорем ва асло корҳои баду хоинонаи зархаридони ин миллати бошарафро фаромӯш намесозем.

Ваҳдату якдили дар байни мардуми ваҳдатгароӣ мо побарҷо хоҳад монд.

Зӯрии мушт аз Ваҳдати ангушт меояд бурун,

Аз парешонии ҷамъият нигоҳ дорад Худо.

 

Юсупова Ҳалима – узви фаъоли ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Парастон”