ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ –ИНТИХОБОТӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАНД

Кӯлоб:  

Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шифо” маҷлиси ҳисоботӣ–интихоботии худро бо иштироки мудири кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб – Шоева Дилноза ва аъзоёни ташкилот баргузор намуд. 

Тибқи банди 1-и рӯзномаи мачлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Шифо” шунида шуд. Пас аз натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолаи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Мирзоев Ҳамзаалӣ ба тариқи овоздиҳӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб карда шуд.

Аз ташкилоти ибтидоии номбурда вакилон ба Конференсияи шаҳрӣ пешниҳод карда шуданд.

Вобаста ба ҳалли масъалаҳои зикргардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.