ЗАМИНҲОИ НАЗДИ МУАССИСАВӢ САМАРАНОК ИСТИФОДА МЕШАВАНД

Кӯлоб:  

Имрӯзҳо аз ҷониби тамоми мардуми шаҳри Кӯлоб ҳам дар ҳудуди хонаҳои истиқоматӣ ва ҳам дар ҳудуди ташкилоту муассисаҳо баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати самароник истифода намудани замин ва захира намудани маводи ғизоӣ чораҳои зарурӣ дида истодаанд.

Бо ин мақсад Мунаввараи Бозоралӣ – мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб аз рафти иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кору фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Парастон” дидан намуд.

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Парастор” зери роҳбарии раиси ташкилоти ибтидоӣ аллакай кишти картошка ҷамъоварӣ карда шуда, кишти такрорӣ парвариш гардида истодаасЗимни боздид маълум гардид, ки маҳсулотҳои дар заминҳои гирду атрофи муассиса парваришёфта ҳамарӯза аз ҷониби ҳизбиён истифода бурда мешавад. Ҳамзамон тибқи таъкидҳои Пешвои миллат аз ҷамъоварии ҳосили маҳсулотҳои заминҳои гирду атрофи ташкилот бо роҳи консерва ва хушконидан маҳсулотҳо захира карда шудаанд.