ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ БАҲРИ ПЕШРАФТИ МАМЛАКАТ НАЗАРРАС МЕБОШАНД

Кӯлоб:  

 Дар ташкилоти ибтидои ҳизбии “Парастор” бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ, роҳбари ташкилоти ибтидоӣ – Файзализода Сурайё ва аъзоёни ташкилот маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ гузаронида шуд.

 Аз пешниҳоди ҳисоботи роҳбари ташкилоти ибтидоӣ мутобиқ ба рӯномаи маҷлис маълум гардид, ки дар давоми як соли фаъолият заҳмату меҳнати аъзоён натиҷаи хуб додааст. Чун дар давоми фаъолият дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ ташкил ва баргузор карда шуданд.

Бо дарназаргирии дастовардҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Парастор” Файзализода Сурайё ҳамчун кордону ташкилотчӣ ва узви фаъоли ҲХДТ роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо овоздиҳии аксарият интихоб карда шуд.

Қарорҳои дахлдор вобаста ба ҳалли масъалаҳои рӯномаи маҷлис қабул карда шуданд.