КОРҲОИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ ОҒОЗ ГАРДИДАНД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи Нақшаи Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуи вилояти Хатлон аз рӯи ташаббусҳо “Соати сиёсӣ” ва “Мактаби ман” дар муассисаҳои таълимӣ бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ, кормандони маориф ва фаъолону донишмандон баргузор шуда истодаанд.

Натиҷаи ҳамин буд, ки дар доираи ташаббуси ҳизбии “Мактаби ман” бо ҷалби аъзову ҷонибдорони фаъоли ҳизб корҳои таъмириву азнавсозӣ дар мактаб–интернати ҷумҳуриявӣ барои хонандагон ятим дар шаҳри Кӯлоб роҳандозӣ карда шудааст.

Тавре аз гуфтаҳои роҳбарияти муассиса маълум гардид, ки соли ҷорӣ ошхонаи муассиса аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, пурра бо оби гарм таъмин гардидааст. Ошхона бо таҷҳизотҳои замонавӣ, плитаҳои барқии ҳозиразамон муҷаҳҳаз шудааст. Айни замон қисман мизу курсии ошхонаи муассиса дастрас карда шудааст. Ҳоло бошад, корҳои таъмирӣ низ дар синфхонаҳои таълимӣ бо маром идома доранд, ки ба соли хониши 2022–2023 пурра омода хоҳад шуд.