БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ - “ПАРВИН”

Кӯлоб:  

Ташкилоти ибтидоии ҳизбии - “Парвин” маҷлиси ҳисоботӣ–интихоботии худро баргузор намуда, дар кори маҷлис мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ, раис ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Парвин” иштирок намуданд.

Сараввал Шамсиддинова Сафармо – раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Парвин” ҳисобот дода, қайд намуд, ки аъзоёни ташкилоти номбурда сиёсати бобарору бунёдкоронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, тарғибу амалӣ намудани барномаи ҲХДТ, иштирок дар чорабиниҳои сиёсӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳии миллии ҳар як сокини кишварро вазифаи аввалиндараҷаи худ меҳисобанд.

Бо ҷонибдории аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ Шамсиддинова Сафармо раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Парвин” интихоб карда шуд.

Аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Парвин” вакилон ба Конференсияи шаҳрӣ тариқи овоздиҳӣ пешниҳод шуданд.

Вобаста ба масъалаҳои матраҳшуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.