Таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 10 декабри соли 1994 яке аз рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ дар таърихи давлатдории навини мо тоҷикон ба ҳисоб меравад. Зеро қабл аз он 9 сентябри соли 1991 давлати мо Истиқлоли худро эълон намуд. 16-19 ноябр Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (баъдан раиси ҲХДТ) таъйин гардиданд. 24 ноябри соли 1992 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин рамзи давлатӣ нишонаи оғози давлатдории халқи мо буд. Дар ин миён 6-ноябри соли 1994 ҷиҳати муайян намудану сохтори нави давлатдорӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Барои боз ҳам идоракунии сохтори давлатӣ, ба ҳам овардани мардум, таъмини амнияти саросарӣ ва сулҳу субот ҳукумат зарур шумурд, то ҳизби наве таъсис дода шавад. Таъсиси ҳизби нав пешниҳоди олии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.
Тибқи сарчашмаҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 10 декабри соли 1994 дар Анҷумани муассисони Ҳизби Халқии Тоҷикистон ташкил ёфтааст. Дар вазорати адлияи ҷумҳурӣ 15 декабри соли 1994 таҳти рақами №199 сабти ном шудааст. Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъйин гардиданд.
Нашрияи марказии ҳизб рӯзномаи «Минбари халқ» аст, ки бо теъдоди 28 ҳазор нусха бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ ҳафтае ду бор мебарояд. ҲХДТ маҷаллаҳои ҷамъиятию сиёсии «Меҳвар» ва «Зани муосир» низ дорад. Дар вилоятҳои Ҷамҳурии Тоҷикистон Кумитаҳои иҷроияи вилояти Суғд, вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳрҳои ноҳияи тобеи марказ таъсис дода шудаанд.
Ин ҳизб ҳамчун ҳизби ормонҳои халқ барои барқарорсозии сулҳ, муттаҳидсозии мардум, беҳсозии соҳах мухталиф дар кишвар зуҳур кард. Тавре Қиёмиддин Миралиён доктори илмҳои сиёсӣ дар як мақолаи худ 10.12.2024 бахшида ба 28 солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон навиштааст:
-Мактаби сиёсии демократӣ дар симои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 1992-1994 ташаккул ёфт. Асосҳои назариявӣ-идеологии (фаъолияти ояндаи) Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳанӯз моҳи ноябри соли 1992 дар доираи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, соли 1994 (10 декабр) зимни расмиёти (бақайдгирии) давлатии ҲХДТ, дар ҳуҷҷати асосии (Оинномаи) он дарҷ карда мешаванд. Албатта, дар ин баробар якчанд ҳизбҳои сиёсӣ низ ташкил меёбанд, ки ҳар кадом мактаби хоси сиёсии худро дошта, имрӯз ҳам фаъолият доранд, аммо мактаби сиёсии Пешвои миллат бо барномаи худ дар қалби мардум ҳамчун ҳизби халқӣ ҷой гирифт.
Аз нигоҳи ин олим зарурати таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба се ҷанбаи зерин асос меёбад:
Якум, дар шароити ҷомеаи демократӣ зарур буд, ки бар ивази низоми барҳамхӯрдаи шӯравӣ ҳизбе таъсис дода мешуд, то ин ки аз як тараф ҷойи холишударо пур мекард ва аз тарафи дигар, барои рақобати комили сиёсӣ шароит фароҳам меовард.
Дуюм, ниҳоде зарур буд, ки бар асоси ниёзи мардум бояд амал менамуд, бар таҳдидҳои берунӣ, аз ҷумла ғояҳои сохта ва бофтаю дини мубини Исломро олуданамуда истодагарӣ намуда, оташи барафрӯхтаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш менамуд.
Сеюм, ниҳоде бояд ташкил меёфт, ки ба талаботи институти демократия ва меъёрҳои байналмилалии идоракунии ҳокимияти сиёсӣ мутобиқат менамуд.
Бояд гуфт, ҳадафи бунёдсозии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сиёсати иқтисодӣ, маориф ва илм, шуғл, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, маънавиёт ва иттилоот, ҷавонон, занон ва варзиш, масъалаҳои сиёсӣ, волоияти қонун, амният, мудофиа ва такмили қонунгузорӣ ва сиёсати хориҷӣ иборат мебошад, ки мақсади он-рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум аст.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳамчун ҳизби ташаббускор ба бозсозиҳои бузург дар кишвар даст зад. Ҳар яки он дар таърих то абад сабт хоҳад шуд. Аз ҷумлаи аввали он ба имзо расидани аҳдномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27-июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия буд. Ин созишнома аз 8 давр гузашта, дар ҳар як даври он намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳйси талабгорони сулҳу ягонагӣ иштирок намуданд ва билохира пирӯз ҳам гаштанд. Зеро ин созишнома бо имзои тарафайн қабул гардид. Ин аст, ки тули 33 сол дар кишвар сулҳу амонӣ ҳувайдост. Мардум сарҷамъанд ва Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳо ба пешравиҳои назаррас ноил гардида истодааст. Рушди бемайлони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, илм, иҷтимоиёт, роҳу алоқа, энергетика, саноат назири пешравиҳои асосии давлати мо ҳастанд.
Махсусан, дар ин ҳама ободкориҳо ва созандагиҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ташаббускор ва раиси муаззами ҳизб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати хоссаро касб мекунанд. Ин марди ватандусту раиятпарвар бо ақлу заковати баланд Тоҷикистонро аз як кишвари ҷангзада ва сарзамини сулҳ ва ободу пешгом табдил доданд. Тавре дар аввал ишора кардем, ормонҳои халро бароварда сохтанд.
Тули 30 соли фаъолият баръало маълум аст, ки аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳама чорабинию маъракаҳои ободгароию бунёдсозӣ пешсафанд. Давоми ин солҳо ин ҳизб фаъолияти пурсамари худро бароҳ мондааст. Сафи аъзоёни он ба маротиб афзуда истодааст, ин омил далолат аз он медиҳад, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо раиси муаззами он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон байни мардум маҳбубияти хосса пайдо карда истодааст.
Сафаров Маҳмадисо, декани факултети табиӣ-риёзӣ, педагогика ва психологияи Коллеҷи омӯзгории ш. Кӯлоб