ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН– РАМЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТ

Кӯлоб: Андеша  

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рамзҳои асосии миллӣ ва нишони шӯҳрати давлати соҳибихтиёр аст, ифодагари таърих, фарҳанг ва ормонҳои мардум мебошад. Парчами кунунии кишвар 24 ноябри соли 1992 расман қабул гардид. Ҳар сол дар ин рӯз Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мешавад, ки аҳамияти баланди он ҳамчун нишон аз Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатиро таъкид мекунад.

Парчами Тоҷикистон аз се ранги асосӣ – сурх, сафед ва сабз иборат аст, ки ҳар яке дорои маънии амиқи рамзӣ мебошад:

  • Сурх ифодагари қаҳрамонӣ, ҷонфидоии ниёгони тоҷик барои озодӣ, истиқлолият ва саъю кӯшиши халқи тоҷик дар роҳи ободию тараққиёт аст. Ин ранги нерӯи ҳаётӣ ва муборизаҳои миллатро таъкид мекунад.

  • Сафед рамзи покӣ, сулҳу оромӣ ва ҳамзамон, нишонаи пахта – яке аз сарватҳои табиии Тоҷикистон мебошад. Ин ранг орзуҳои поку ниятҳои нек ва кӯшишҳои мардумро барои як зиндагии осоишта инъикос менамояд.

  • Сабз ифодагари сарсабзӣ, табиати зебои кишвар, умед ба ояндаи дурахшон ва тараққиёт мебошад. Ин ранг бо ҳаёт ва рушд иртиботи зич дорад.

Дар мобайни парчам тасвири тоҷи тиллоӣ ва ҳафт ситораи нуронӣ ҷой гирифтаанд. Тоҷ рамзи давлатдории тоҷикон буда, нишонаи истиқлоли давлатӣ ва сарбаландии миллӣ мебошад. Ҳафт ситора, ки дар атрофи тоҷ ҷойгир шудаанд, саодату шукуфоӣ ва орзуву ниятҳои мардуми тоҷикро таҷассум мекунанд. Шумораи ҳафт ба фарҳанги миллӣ пайванд дошта, ҳамчун рақами муқаддас маъруф аст.

Парчами миллӣ дар давоми солҳои истиқлол ҳамчун рамзи муттаҳидии тамоми қишрҳои ҷомеа аҳамияти бузург пайдо кардааст. Он моро ба дӯст доштан ва ҳифзи Ватани худ даъват мекунад. Парчам дар ҳамаи чорабиниҳои расмӣ, ҷашнҳо ва мусобиқаҳои байналмилалӣ ҳамчун нишонаи ифтихори миллӣ баланд афрохта мешавад.

Дар Рӯзи Парчами миллӣ, ки бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад, мардум дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон гирд омада, шукӯҳу қудрати онро ҷашн мегиранд. Афрохтани баландтарин парчами миллӣ дар Душанбе (бо баландии 165 метр) исботи ифтихору арҷгузории тоҷикон ба ин рамзи муқаддас мебошад.

Парчами Тоҷикистон на танҳо нишонаи давлатдорӣ, балки манбаи нерӯ ва ваҳдати миллӣ аст. Он моро водор месозад, ки ба таърихи гузаштаи худ эҳтиром гузорем, имрӯзи худро бо масъулият созем ва барои ояндаи дурахшони Ватани азиз кӯшиш намоем.

Муҳаммади К аъзои фаъоли   ҲХДТ