ОМӮЗИШИ КИТОБИ “ТОҶИКОН”-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ОМӮЗИШИ КИТОБИ “ТОҶИКОН”-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ

  Дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Кӯлоб бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ҷиҳати омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи Тоҷик лексия - суҳбат дар доираи шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” роҳандозӣ гардид. Ҳамаи кормандон аз хондани китоби “Тоҷикон”баҳравар гардида, аз ин китоб аз таърихи қадимаи  худ бохабар гаштанд.

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Зулфов Муҳаммадҷон қайд намуд, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми аллома Бобоҷон Ғафуровро дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон, инкишофи илму фарҳанги муосири ҷумҳурӣ ва илми шарқшиносии асри ХХ бисёр муассир арзёбӣ карданд.

Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро дар ҷодаи таҳқиқи анъанаҳои давлатдории тоҷикон, гузаштаи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик, мақом ва ҷойгоҳи таърихии тоҷикон дар илму адаб ва фарҳангу тамаддуни башарӣ сарф намудааст.

Дар навбати худ дигар кормандони масъули ҳизбӣ баромад намуда иброз доштанд, ки Бобоҷон Ғафуров бо олимону адибон дар иртиботи доимӣ қарор дошт ва инкишофи илми Тоҷикистонро пайваста дастгирӣ, назорат ва роҳнамоӣ мекард.

Бобоҷон Ғафуров пас аз устод Садриддин Айнӣ ба таҳқиқи мукаммали таъриху тамаддуни тоҷикон иқдом намудааст. Ӯ дар марҳалаи нави рушди илму фарҳанги тоҷик риштаи тоҷикшиносиро густариш бахшид, ки аввалин падидаи дурахшони он эҷоди асари бунёдии “Таърихи мухтасари халқи тоҷик” мебошад.

Дар охир таъкид гардид, ки ҳадафи устод Бобоҷон Ғафуров аз нашри ин китоб ва асарҳои минбаъда ба ҷаҳониён собит намудани ин ҳақиқати илмӣ буд, ки тоҷикон яке аз қадимтарин миллатҳои дунё буда, дар раванди рушди тамаддуни башарӣ нақши басо арзишманди таърихӣ бозидаанд.

 “Тоҷикон” ҳоло китоби рӯйимизии ҳар як фарди соҳибмаърифат ва бонангу номуси миллати тоҷик мебошад, зикр карданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳаминаст, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гиромидошт ва зинда нигоҳ доштани ному корномаи фарзандони бузурги миллати тоҷик ин аст, ки таърихи пурифтихор ва мероси пурбори илмӣ, адабӣ ва фарҳангиву тамаддунии худро соҳибӣ ва ҳимоя кунем, ин таърихи пурифтихор ва ин мероси гаронмояро ба хотири иттиҳоду сарҷамъӣ ва сарбаландиву сарфарозии мардумамон, ободии Ватани аҷдодиамон ва таҳкими пояҳои давлатдории навини миллиамон ҳарчи бештар ва оқилона истифода барем.