ЗАМИНАҲОИ ТАЪРИХИЮ ИҶТИМОИИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

Кӯлоб: Андеша  

Таърихи дӯстии тоҷикону ӯзбекон аз давраҳои қадим сарчашма мегирад. Ин ду халқи бародар таърих ва фарҳанги муштарак доранд. Таомулҳои динӣ, анъанаҳо, маъракаву маросим, урфу одат, тарзи зист, одобу ахлоқ, табъу завқ, либосу хӯрок, суруду мусиқӣ, рақсу бозӣ, умумияти фарҳангӣ, динӣ арзишҳои маънавии таърихан ташаккулёфта тоҷикону ӯзбеконро ба ҳам пайваст намудаанд. Тоҷикону ӯзбекон дар бисёр лаҳзаҳои ғаму шодӣ, барору нобарорӣ, нокомию пирӯзиҳо бо ҳам буданд ва дар ҳама ҳолат дӯстию бародариро пос дошта, якдигарро иззату эҳтиром ва қадрдонӣ намудаанд. Ба истиқлолияти давлатӣ соҳиб гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон марҳалаи сифатан нав дар равобити ҳамдигарии ин ду кишвар гардида, ҳарду давлат истиқлолияти якдигарро аз оғози ин тағйирот ва таҳаввулоти бузурги сиёсӣ эътироф намуданд.

Муносибатҳои расмии дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22-юми октябри соли 1992 барқарор гашта, дар пойтахтҳои ҳарду давлат – Душанбе ва Тошканд сафоратхонаҳо ба фаъолият шурӯъ намуданд. Оғози муносибатҳои байниҳамдигарии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар марҳалаи нав бо давраи барои Тоҷикистон хеле мушкил – муқовимати шадиди сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ рост омад. Ҳукумати Ӯзбекистон барои ҳалли мусолиҳатомези низои дохилии тоҷикон таваҷҷуҳ зоҳир менамуд. Иштироки ҷониби Ӯзбекистон дар музокироти байни тоҷиконҳамчун кафил дар қатори дигар кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ва расидан ба сулҳу оштӣ назаррас мебошад. Мардуми тоҷик ёрии беғаразонаи давлати ҳамсояро дар рӯзҳои мушкили ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 эҳсос намуда буд. Чунончи, моҳи январи соли 1993 Департамент оид ба масоили гуманитарии Котиботи СММ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ доир ба расонидани ёрии гуманитарӣ ба Тоҷикистон муроҷиат намуд. Ба ин муроҷиат нахустин шуда Ӯзбекистон таваҷҷуҳ намуд ва ба Тоҷикистон маводи сӯзишворӣ (бензин, корсин, равған) фиристод. Танҳо ба Қӯрғонтеппа 1300 тонна бензин ва 1400 тонна солярка ворид гашт. Санаи 3- юми декабри соли 1993 аҳолии вилояти Сурхондарё ба Душанбе чор вагон бор – либосҳои бачагона, 126 тонна орд, 10 тонна равғани растанӣ фиристоданд. Чоруми январи соли 1993 дар ҷараёни сафари расмии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Тошканд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шартномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва якдигарфаҳмӣ ба имзо расид, ки он дар муносибатҳои байни ду давлати соҳибистиқлол дар роҳи барқарор намудани равобити дӯстиву бародарӣ ва ҳамкориҳо қадами нахустин ва устувор маҳсуб меёбад. Соли 1998 робитаҳои байнидавлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон то андозае густариш ёфтанд, вохӯриҳои сатҳи олӣ баргузор гаштанд. Масалан, 4 январи соли 1998 бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов Сарвари давлатамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд ташрифи расмӣ анҷом доданд. Дар доираи сафар аз ҷумла, шартномаҳои байниҳукуматӣ дар бораи ҳисоббаробаркунииинтиқоли борҳо ва газ барои соли 1997 ва қарзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир ба ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ, илм, техника, иттилоот, фарҳанг ва соҳаҳои гуманитарӣ ба имзо расиданд. Сарварҳои давлатҳо қарор карданд, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардад. Ҳамаи ин дастовардҳои ҳамкориҳои байни кишварҳоямон аз фаъол гаштани робитаҳо далолат медоданд. Минбаъд низ дар байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон чандин шартнома дар бораи ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун, аз ҷумла Аҳдномаи дӯстии абадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 15- уми июни соли 2000 ба тавсиб расиданд. Мутаассифона, бо сабабҳо ва омилҳои гуногуни объективӣ ва субъективӣ ин равобит ва ҳамкориҳо дар тӯли чанд сол ба таври бояду шояд ривоҷ наёфтанд. Ин аз коста гаштани гардиши мол дар тиҷорати берунаи байни ду давлат мушоҳида намудан мумкин аст.

Имрӯз Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба мустаҳкам намудани робитаҳои дуҷонибаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва шарикии мутақобила судманд боҳамсояҳои дуру наздик эътибори муҳим медиҳанд. Дар ин радиф Тоҷикистон бо ҳамкорӣ бо кишвари ҳамсоя Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки яке аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишвар маҳсуб меёбад, аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Худи солҳои сипаригашта собит намуд, ки барқарор намудани робитаи байнидавлатии тоҷику ӯзбек ногузир буда, ин ҳамкорӣ баҳри нигоҳ доштани суботу рушди устувор дар минтақа нақши муҳим мебозад. Робитаи ду давлати ҳамсоя аз моҳи сентябри соли 2016 ба марҳилаи сифатан нав қадам ниҳод. Байни президентони Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев чор маротиба вохӯрӣ, инчунин дар сатҳи олӣ чандин мулоқоти телефонӣ сурат гирифтанд. Маҳз ҳамин вохӯриву мулоқотҳо барои густариши муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкориҳои бевоситаи шаҳру вилоятҳои алоҳидаи ҷумҳуриҳоямон мусоидат намуданд. Сараввал маҷлисҳои байниҳукуматӣ ба таври мунтазам ба роҳ монда шудаанд ва дар онҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо муҳокима гаштанд. Аз ҷумла, тарафҳо масъалаи делимитатсияи сарҳадҳоро пурра ҳаллу фасл намуданд. Бо ташаббуси сарварони ду давлат 17 гузаргоҳи сарҳадӣ кушода шуданд. Дар хатсайрҳои Душанбе – Тошканд, Душанбе – Са-марқанд, Душанбе – Бухоро парвози самолётҳо роҳҳои ҳавоӣ боз гар-диданд. Бо нақлиёти заминӣ (автобусҳо) хатсайрҳои Панҷакент – Самарқанд, Хуҷанд – Тошканд, Душанбе – Деҳнав, Душанбе – Самарқанд ва Душанбе – Бухоро ба роҳ монда шуданд. Кушода шудани роҳҳо, гузар-гоҳҳои сарҳадӣ ва бозорҳои наздимарзӣ, бешубҳа, барои боз ҳам наздик-тар шудани ду халқи дӯсту ҳамсоя ва тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ мусоидат намуданд.

Дар натиҷаи саъю талошҳои оқилонаи Сарварони ду давлати ҳамсоя – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев муносибатҳои байни ин ду кишвар куллан тағйир ёфта, ба маҷрои созанда ва муфид барои тарафайн ворид гардид. Иқдоми неку наҷиберо, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар самти эҳёи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, ҳусну тафоҳуми ҳамҷаворӣ, дӯстиву бародарӣ роҳандозӣ намудан, тамоми мардуми ин ду кишварро шоду мамнун намуд. Сафари нахустини расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 9-10-уми марти соли 2018 – дар арафаи ҷашни Наврӯзи оламафрӯз рост омад, ки он хеле рамзӣ аст. Зеро яке аз анъанот ва суннату русуми Наврӯзи Аҷам, ки мардумони гуногунро ба ҳам мепайвандад, маҳз оини ҳамгироӣ, ҳамбастагӣ, аз байн бурдани ҳама гуна хушунат, ихтилоф, таҳаммулпазирӣ, дӯстиву бародарист.

Сафари расмии давлатии роҳбари олии кишвари ҳамсоя-Шавкат Мирзиёев, ки дар тӯли 26 соли истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бори нахуст ба амал омад, натиҷаи иродаи нек, дурандешӣ ва хиради волои сарварони ҳарду кишвар маҳсуб меёбад. Дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ ва ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 27 санади ҳамкорӣ, ба имзо расиданд. Дар натиҷаи ба имзо расидани санадҳои меъёрии дар боло номбаршуда бисёр масъалаҳое, ки барои муътадил ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстонаю бародарона ва ҳамсоягӣ садди роҳ мешуданд, аз миён бардошта шуда, рафтуомади шаҳрвандони ду кишвар ба назди хешу ақрабои худ, тиҷорат хеле содаву осон гардид. Аз ҷумла, 16 гузаргоҳи сарҳадӣ кушода шуда, ба муҳлати то 30 шабонарӯз бе раводид сафар кардани шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба кишварҳои ҳамдигар яке аз дастовардҳои бузург буд. Ифтитоҳи гузаргоҳҳо,ки ҳар яке як равзанаи рӯшанеро дар дилҳои мардум боз мекард, дар дилҳои ду халқи бародар умеди тоза ато намуд ва ашки шодиву нишот, ҳаяҷон, умедвориву интизории ин рӯзҳои босаодат дар симои мардуми ҳарду кишвар таҷассум гардид. Воқеан ҳам аз нав ба ҳам пайвастани ду халқи ҳамсоя ва хешу табор, ба ҳам овардани қалбҳо, таҳкими риштаи дӯстиву муҳаббат, бародарию шавқат миёни ду миллате, ки тӯли ҳазорсолаҳо дар як сарзамин паҳлӯ ба паҳлӯи якдигар зиндагӣ менамоянд, аз як боду ҳаво нафас мекашанд ва аз як ҷӯву дарё об менӯшанд, фарҳангу анъанаҳои ягона доранд, азобу уқубат ва ҷабру ҷафои зиёди таърихро паси сар кардаанд, хизмати рустамона ва таърихии сарварони ду ҷумҳурии бародар буд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқоти дӯстона бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев чунин иброз намуданд: “Мардумони моро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҷонибайн муттаҳид месозанд. Ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Тасмимоти имрӯзаи мо бар заминаи музокироти суратгиранда аз бисёр ҷиҳат хислати таърихӣ дошта, такконбахш мебошанд. Онҳо барои марҳала ба марҳала боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав асосу заминаи боэътимодро фароҳам меоваранд”. Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои рушду таҳкими робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ, илмӣ, адабӣ, иртиботи нақлиётӣ, истифодаи самараноки захираҳои обу энергетика, амният ва мудофиа, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, ифротгароии динӣ ва таъмини сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ заминаи устувор гузошт. Яке аз дастовардҳои муҳими ин мулоқот дар он буд, ки қариб ҳамаи масъалаҳои баҳснок вобаста ба сарҳад ҳаллу фасли худро ёфтанд ва ин ба ҷонибҳо имконият дод, ки шартномаҳои дахлдорро марбут ба масъалаи мазкур ба имзо расонанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббусу ибтикороти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҷиҳати эҷоди фазои озоду созандаи ҳамкории байнидавлатӣ дар Осиёи Марказӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, чунин қайд намуданд: «Мо иқдомоти Шуморо дар мавриди эҷоди фазои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ дар фазои умумии мо самимона истиқбол гирифтем, зеро онҳо бо ҳадафҳои мо комилан созгору ҳамонҳанг мебошанд». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон музокироти сатҳи олии ҷонибҳоро ҳамчун оғози марҳалаи нав дар муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ намуда, нақши арзандаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро дар эҳё ва таҳкими ин равобит ва ба маҷрои солиму созанда равона намудани он махсус таъкид намуданд. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҷониби худ ба Президент, Ҳукумат ва тамоми мардуми Тоҷикистон барои истиқболи гарму бародарона ва меҳмоннавозии самимӣ нисбати ӯ ва ҳайати расмии Ҷумҳурии Ӯзбекистон арзи сипос намуда, қаноатмандии амиқи хешро аз натиҷаҳои музокирот иброз дошт. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев тамоюлҳои мусбат ва судмандро дар муносибатҳои тарафайни ду кишвар, аз ҷумла афзоиш ёфтани ҳаҷми гардиши мутақобилаи мол ва фаъол гаштани ҳамкориҳои фарҳангиву башарӣ, ки ба арзишҳои маънавии муштарак ва анъанаҳои ғании дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ такя менамоянд, баланд арзёбӣ намуд.

Сафари расмии давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 17-18 августи соли 2018 дар сатҳи баланд баргузор гардид. Ин сафар ва мулоқоти сатҳи олӣ дар арафаи ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии ду ҷумҳурии бародар баргузор гардид. Дар доираи сафар ва мулоқоту музокироти сарварони ду давлат ва ҳайати расмӣ 26 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки онҳо муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ба сатҳи баланд бардоштанд. Пас аз мулоқоту музокирот Изҳороти муштарак ва Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои зерин ба имзо расонида шуд.

Бешубҳа, дар байни санадҳои ба имзорасида Созишнома дар бораи ҳамкории шарикии стратегӣ мақоми махсусро дорад, ки муносибатҳои ду давлатро ба сатҳу сифати нав мебардорад. Ин санад ҳамчун рӯйдоди таърихӣ бозгӯи ҷаҳду талошҳои ҳарду ҷониб барои таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад. Ҳамин тариқ, матонат, иродаи қавии сарварони ду давлат ва орзуву омоли мардумони ду ҷумҳурии дӯсту бародар тамоми мушкилоти мавҷударо аз миён бардошт ва ин марҳалаи нави робитаю ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон саҳифаи нав дар таърихи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек гардид. Дӯстии тоҷикону ӯзбекон ба манфиати ҳарду ин халқҳои ҳамсоя, рушди устувор, таҳкими истиқлолияти воқеии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, сулҳу субот, оромӣ ва амният дар минтақа хизмат хоҳад кард.