ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ

Кӯлоб: Вокуниш  

Дар замони ҳозира терроризм ва ифратгароӣ зуҳуроти номатлуб маҳсуб мешаванд, зеро ифратгароӣ боиси ба амал омадани таҳдид ва зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, беандешагӣ, бенизомӣ гардида, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият, аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ ва динӣ ҳадафи асосии он аст. Имрӯз терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср ба осоиштагии мардуми ҷаҳон таҳдид ва барои ҳар сокини сайёра хатари калон эҷод менамояд.

Бояд гуфт, ки ҳар давраи таърихӣ проблемаҳои худро дорад. Таҳлили вазъияти сиёсии ҷаҳон нишон медиҳад, ки нооромиҳо ва мушкилоти ибтидои асри ХХI – ин авҷ гирифтани зиддияти ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир мебошад. Ягон гурӯҳи террористӣ дар заминаи хушку холӣ арзи вуҷуд карда наметавонад. Барои он ки ин гурӯҳҳо ташаккул ёбанд, ё амалиёт кунанд, онҳоро ташкилоти махсус маблағгузорӣ менамоянд ва бо лавозимоти зарурӣ, яроқу аслиҳа таъмин мекунанд. Чунин амал дар шароити ҳозира яке аз роҳҳои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии давлатҳои алоҳида ва гурӯҳҳои махсус маҳсуб мешавад. Ба ин васила ҷавонон бояд аз ҷиҳати сиёсиву равонӣ ва инчунин эътиқод устувор бошанд, фирефтаву зудбовар нашаванд, балки ҳушёру зирак ва бо донишҳои илмию сиёсӣ мусаллаҳ бошанд.

Агар ба саҳифаҳои таърих назар андозем, онҳо пур аз амалҳои даҳшатбори террористӣ мебошанд, ки хусусияти ифротгароӣ доштанд. Ҳоло ҳам як шахс мехоҳад аз шахси дигар боло бошад, афзалият дошта бошад, зуҳуроти дигар: таҷовузи як хонавода ба хонаводаи дигар, як халқ ба халқи дигар, ҳуҷуми як давлат ба давлати дигар, боло бардоштани дину мазҳаб ва расму оини худ, паст задан ва ба назар нагирифтани муқаддасоти динӣ, расму оини халқҳои дигар- амалҳои рӯзмарраи сиёсатмадорони ташкиилоти террористӣ ва ифратгароии имрӯза ба шумор меравад. Дар айни ҳол чунин ташкилоте, ки хавфу хатар эҷод мекунанд, дар давлатҳои ҷаҳон хеле зиёд ба назар мерасанд. Онҳо диққати мардумро ба тарафи худ ҷалб намуда, тарзи зисту зиндагии сокинони давлатҳои алоҳидаро мавриди муҳокима қарор медиҳанд. Аз ин рӯ, дар қатори дигар проблемаву мушкилиҳо ифратгароӣ ба масъалаи глобалӣ табдил ёфтааст, зеро ин зуҳуроти номатлуб як намуди ҷинояти вазнин буда, ҷаҳонро ба ларза даровардааст.

Маҳз барои ҳамин ҳар шахси худогоҳу солимфикру хештаншинос ва сокинони сайёраро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна шахсони ҷинояткор бетараф набошанд. Ҳангоми пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза ба муқобили нафарони ҷиноятпеша баҳри боз ҳам беҳтар намудани тайёрии касбӣ ва омодабошии ҷангӣ вусъат бахшидани ҳамкории кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо аҳолӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо хеле муҳим аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо иброз доштанд, ки «террорист ватан, миллат ва дин надорад». Мусаллам аст, ки терроризм ва ифратгароӣ-ин амали зӯроварии ғайрилегалии муташаккил буда, бар зидди сохти сиёсӣ равона гардида, мақсади асосии он тарсондан ва ноумед намудани мардум ва худ ҷалб кардани онҳо мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тарафдори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ буда, барои куллан барҳам задан ва решакан намудани терроризм ва ифратгароӣ мубориза мебарад ва чораҳои муфид ва саривақтӣ меандешад. Дар замони ҳозира терроризм ва ифратгароӣ танҳо як ташкилоти муташаккил ё гурӯҳи махсус нест, балки шахсони алоҳида низ ба ин ташкилоти хатарнок дохил мешаванд. Ҳадафи ифротгароён ба вуҷуд овардани ихтилоф, норозигии иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ва динӣ дар ҷомеа, монеа эҷод кардан алайҳи фаъолияти қонунии мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳалли худидоракунӣ ва дигар ташкилоте, ки ба таври таҳдид ва зӯрӣ муттаҳид карда мешаванд, мебошад.

Як сабаби ба ташкилоти террористӣ ҷалб шудани ҷавонон-ин нодонию камсаводии онҳо аст. Нодонӣ ноумедӣ ба бор меоварад, яъне шахси нодону камхираду бесавод ҳамеша эҳсоси нотавонӣ дорад ва аз ҳолату вазъияти худ руҳафтода мешавад, ба худ боварӣ надорад, маслиҳати дигаронро интизор аст. Дар чунин ҳолат ба пешвози онҳо аъзои ташкилоти террористӣ баромада, ба онҳо «роҳи дурусти зиндагӣ» нишон медиҳанд. Ана, ҳамин тавр ҷавонон ба ташкилоти террористӣ ва ифратгароӣ дохил мешаванд.

Мо, омӯзгор ҳастем, бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон –донишҷӯён таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоем, дарсҳои тарбиявиро самаранок истифода барем. Абёти пандомези классиконамонро таҳлил намуда, ҷавононро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамун бисозем, то ки онҳо дар зиндагӣ доир ба оила, фарзандон, Ватан ва миллат масъулият дошта бошанд, сиёҳро аз сафед фарқ карда тавонанд. Ба роҳи хато нараванд. Дар дили ҷавонон тухми меҳру муҳаббатро нисбат ба халқу Ватани худ- Тоҷикистони биҳиштосо парвариш карда тавонем. Танҳо он вақт мо ба мақсади ниҳоии худ мерасем, яъне насли ҷавон сипари боэътимоди халқу Ватан мешавад.

ИБРОҲИМ ХАЛИЛОВ