“СОАТИ СИЁСӢ” ҶИҲАТИ ОГОҲОНИДАНИ ҶОМЕА АЗ РАФТОРУ АМАЛИ МУҒРИЗОНАИ ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТӢ

Кӯлоб:  

Дар доираи гузаронидани чорабиниҳои тарғиботӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб зимни суҳбату мулоқотҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа аз рафтору амали муғризона ва мақсадҳои нопоки ташкилотҳои террористию экстремистӣ пайваста огоҳонида мешаванд.

Бо ин мақсад дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МТМУ №41” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ мулоқот доир карда шуд.

Дар оғоз корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб суханронӣ намуда қайд кард, ки гурӯҳҳои ифротӣ бо истифода аз эътиқоди динӣ зуран сарнагум кардани ҳокимияти давлатӣ, мубориза ба фарҳангу асолати қадимаи мо, ватани мо, идеологияи миллии мо, мардуми мо ва ҳар нафари мо равона шудааст. Аз ин рӯ зарур аст, ки мақсадҳои ин гурӯҳҳои ифротиро дуруст дарк карда, дар навбати худ ҳамчун соҳибватанони асил ва содиқ ба Пешвои миллат талош бар он варзем, то он ҳама масъулияте, ки дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба мо бовар карданд онҳоро сарбаландона иҷро намоем.

Иштирокдорони маҷлис дар навбати худ низ андешаҳои хешро нисбат гурӯҳҳои террористӣ баён дошта гуфтанд, ки ҳадафи аслии онҳо аз байн бурдани давлати мустақилли мо, нобуд кардани таъриху фарҳанг ва нобудии миллати мо ҳаст ва мо амалу рафтори ин гурӯҳҳои ифротиро ҷиддан маҳкум карда, бар зидди ҳамагуна унсурҳое, ки ба Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллии мо таъдид мекунад муборизаи беамон хоҳем бурд.