ҲХДТ - МО БА ҲАДАФҲОИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ РАСЕМ!

Кӯлоб:  

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади фаъолгардонии ҷомеа, ҷалби шаҳрвандон ба корҳои созанда ва ҳамкории самаранокро бо ташкилотҳои ҳизбӣ ва деҳаю маҳаллаҳо роҳандозӣ намудан, мунтазам чорабиниҳои гуногуни созандагию ободӣ ва нишасту мулоқотҳоро доир намуда истодааст.

Чунин чорабинӣ дар маҳаллаи Нурободи шаҳри Кӯлоб бо сокинон гузаронида шуд. Зимни мулоқот Фирузи Саидмӯъмин – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба фаъолияти ҲХДТ ба ҳозирин корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид.