ОГОҲОНИДАНИ ҶОМЕА АЗ ХАТАРҲОИ ИМРӮЗА БА ХОТИРИ АМНИЯТУ ОСУДАГИИ МАМЛАКАТ

Кӯлоб:  

Вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Навобод” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ.

Зимни суҳбат аз ҷониби корманди масъули ҳизбӣ гуфта шуд, ки дар шароити муосир масъалаи шакли истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар маҷмуъ технологияи навин ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз табдил ёфтааст. Зеро василаҳои техникии муосир дар баробари фоидаи рӯзафзун ва осон гардонидани робитаи байниҳамдигарии инсонҳо, ҳамзамон ба манбаи сохтакориву аввомфиребӣ ва тафриқаангезиву воситаи паҳншавии ақидаҳои иртиҷоӣ табдил ёфтааст.

Дар фарҷом гуфта шуд, ки пайдоиш ва рушди унсурҳои номатлуби ба он алоқаманд моро водор месозад, ки ташвиқгари истифодаи дуруст ва мақсадноки он бошем.