БАРГУЗОРИИ ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУНИ УМУМИДОНИШГОҲИИ “ШОҲНОМА”- БАРҶАСТАТАРИН ҲАМОСАИ МИЛЛӢ” ДАР КИИ “ОЛИМОН”

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 15 апрели соли ҷорӣ дар КИИ “ОЛИМОН” дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даври аввали озмуни умумидонишгоҳии “Шоҳнома”- барҷастатарин ҳамосаи миллӣ” дар соли 2024, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷавонон баргузор гардид.

Озмун бо мақсади дарёфти беҳтарин донандагони “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ доир гардид.

Дар озмуни мазкур донишҷӯён аз факултетҳои донишгоҳ иштирок намуда, ғолибон ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки ғолибони даври ниҳоии озмун аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо диплому мукофотпулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.