ШАНБЕГИ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ПАНҶОСИЁБ”

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Панҷосиёб» баҳри таъмини иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободу зебо гардонидани ҳудуди ташкилоту муассисаҳо, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид. Бояд қайд намуд, ки мақсад аз баргузор намудани чунин шанбегиҳои дастаҷамъона, ки тақвият бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, тозаю обод гардонидани ҳудуди шаҳр бахшида ба истиқболи ҷашнҳои дар пешистода ба ҳисоб меравад.