ТАШКИЛИ ДАРСҲОИ КУШОДУ НАМУНАВӢ – РОҲИ САМАРАБАХШИ БЕҲТАР НАМУДАНИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ

Кӯлоб: Созандагони ватан  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ворисони Сино"-и назди МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” аз ҷониби аъзоёни ҳизб омӯзгори кафедраи акушерӣ ва гинекологӣ Юсуфова Ҷ.Б. дар мавзӯи “Таваллуди физиологӣ”ва Бозорова Гулбегим омӯзгори кафедраи тибби оилавӣ доир ба мавзӯи “Пешгирии фарбеҳӣ” бо иштироки донишҷӯён аъзоёни ТҶҶ "Созандагони Ватан-3" назди муассиса машғулиятҳои кушоду намунавӣ ташкилу баргузор карда шуданд.

Омӯзгорон дар машғулиятҳо оид ба масъалаҳои мазкур маълумоти муосиртарини соҳаи тандурустиро пешкаши донишҷӯён гардониданд. Дар машғулиятҳо услубҳои муосиру байналфаъоли таълим, аз ҷумла бозиҳои нақшӣ, иҷрои дастамалҳо дар муляжҳо, кор дар гурӯҳҳои хурд ва васоити электронӣ васеъ истифода бурда шуданд. Дар машғулиятҳо намояндагони раёсати коллеҷ ва омӯзгорони ҷавон иштирок намуда, ба сифати ташкили онҳо баҳои хуб доданд.