МАҲФИЛИ ДОРУСОЗИ ҶАВОН

Кӯлоб: Созандагони ватан  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ворисони Сино"-и назди МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» озмун аз тарафи кафедраи “Технологияи дорусозӣ ва ТИФ” дар маҳфили навбатии «Дорусози ҷавон» миёни ҷавонон аъзоёни ТҶҶ "Созандагони Ватан-3" баргузор гардид. Дар озмун донишҷӯён аъзоёни ТҶҶ "Созандагони Ватан-3" аз  факултети кори фарматсевтӣ иштирок намуда, донишу маҳорати худро оид ба тарзу усулҳои омода намудани як қатор навъҳои доруворӣ намоиш доданд. Аз ҷумла аз тарафи донишҷӯён малакаҳои ба вояҳо тақсим намудани хокаҳо, технологияи тайёр намудани хокаҳои мураккаб ва тарзи тайёр намудани маҳлулҳои обӣ намоиш дода шуданд. Дар охир фаъолони маҳфил бо сипосномаи раёсати МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» қадрдонӣ шуданд.