АЁДАТИ ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 19.03.2024  бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯз дар шаҳри Кӯлоб аёдати оилаҳои камбизоати шаҳр аз тарафи кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  доир гардид.

Зимни расонидани кумакҳои моддӣ оилаҳои камбизоати шаҳр ба Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдории хешро баён намуданд.
Бояд зикр намуд, ки ин аёдат ба оилаҳои камбизоат қувваву нерӯ бахшида, барои ба ҳаёт умедвор гаштани онҳо заминаи созгор мегузорад.

Ҳамасола дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба ин қишри ҷомеа маводҳои ғизоӣ аз тарафи аъзоёни фаъоли ҲХДТ расонида мешавад.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳаммаи маъюбону барҷомондагони кишвар таҳти ғамхории бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.