ТОЗАЮ ОЗОДА НИГОҲ ДОШТАНИ МАҲАЛ ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастури мақомотҳои болоии ҳизбӣ санаи 17-уми марти соли равон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маркази саломатии кудаконаи шаҳрӣ" бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ шанбегӣ доир карда шуд. Дар ин рӯз  аъзоёни ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ ҷиҳати рушду ободонии коргоҳи худ ба ҳашари умумӣ баромада, баҳри зебо гардонии гӯшаву канори шаҳрамон садоқатмандона  меҳнат  намуда, тамоми майдонҳои атрофи коргоҳро бо гулу гулбуттаҳо ва дарахтони сояафкан оро дода, ҳамеша сарсабзу хуррам ва тозаю озода нигоҳ медоранд.