СОАТИ СИЁСӢ ТИБҚИ НАҚШАИ МУШТАРАК.

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии  ҳизбии “С. Шерозӣ” амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Соати сиёсӣ” доир гардид. Дар ин амалиёти муштарак хонандагон ва омӯзгорон иштирок намуданд.

Дар ин вохӯрӣ масъалаҳои  зерин дида баромада шуд:

1.Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон;

2.Хизмати ҳарбӣ мактаби ҷасорату мардонагӣ;

3.Пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва хатарҳои ҷомеа;

4.Риояи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баромад намоянд;

Дар рафти баргузории соатҳои сиёсӣ қайд карда шуд, ки имрӯз ҷавонони мо дуруст дарк кардаанд, ки ширкати фаъолона ва саҳмашон дар марҳалаи кунунии ободкории Ватан пеш аз ҳама, ба манфиати худи онҳо мебошад, зеро фардо худашон дар ҳамин сарзамин зиндагӣ карда, масъулияти рушди онро ба зиммаи хеш мегиранд.

Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳ ва аҳамияти хосса медиҳанд, зеро сол то сол насли ҷавон ба як қувваи неруманд табдил ёфта истодааст.

Бояд қайд намуд, ки баргузории “Соати сиёсӣ” дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “С. Шерозӣ” дар вуҷуди хонандагон ҳувияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву меҳанпарастиро тарбия менамояд.

 

Шуъбаи таблиғот, иттиллот

ва матбуоти КИ ҲХДТ

дар шаҳри Кӯлоб