ҲАШАРҲОИ ДАСТАЪҶАМОНА ДАР СОЙИ ТЕБАЛАЙ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташабуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ Каёниён ” дар сойи Тебалай ҳашарҳои дастаъҷамона гузаронида шуд. Кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои тоза ва поккори намудани сойи Тебалай сафарбар гардиданд, ки партовҳоро аз сойи Тебалай бароварданд. Новобаста аз ташкил намудани Аксияҳои соҳил вале мутаасифона аз ҷониби аҳоли нисбати ин масъала беэътиноӣ боз ҳам зоҳир мегардад.

Аз ин лиҳоз КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб аз ҳар як шаҳрванди шаҳри Кӯлоб алалхусус аҳолии назди сойи Тебалай ва соҳибкорони бозори марказӣ эҳтиромона хоҳиш менамояд ва даъват мекунад, ки ба чунин амалҳо хотима бахшанд зеро мову Шумо бояд тозагиро риоя намоем ва дар фикри саломатии худ, фарзандон ва ҷомеа бошем, танҳо мову Шумо дар якҷояги метавонем дар ин кор дасти якдигарро бигирем. Ва аз партофтани партов дар сойи Тебалай худдори намоем.