Артиши миллӣ – сипари боэътимоди давлату миллат!

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Осорхона” ба ифтихори 31-умин солгарди Рӯзи  таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Осорхона” ва дигар шахсони расми иштирок ва суханронӣ намуданд. Чорабинӣ бо садо додани Суруди Миллӣ оғоз ёфт.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Осорхона” зимни суханронии худ аҳли нишастро бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, зикр намуд, ки 31 феврали соли 1993 дар таърихи кишвари мо боз як саҳифаи хеле муҳими таърихӣ – таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ, ки сипари боэътимоди давлат ба ҳисоб меравад, боз гардид. Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати касбии худро сарбаландона ба ҷо оварда, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва истиқрори сулҳу субот ҳамчун нерӯи тавоно ва қудратманд саҳми босазо гузошта истодааст.

Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд».