ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии " Ниҳол" чорабинии бадеӣ - фарҳанги бахшида ба 31-умин солгарди рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки хонандагон ва ҳайати омӯзгорони муассисаҳои номбурда баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро хонандагон бо як неруву руҳи болида дар сатҳи баланд баргузор намуданд. Ва дар ин чорабини хонандагон аз Артиши милли кишвар ёдовар шуда иброз доштан, ки Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат  31 сол қабл дар як вазъияти бениҳоят мурракаб аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар бо роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда шуда имрӯз ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дониста шудааст.