ҶАВОНОН ҚУВВАИ БУЗУРГ ВА ОЯНДАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАНД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Борбад” шаҳри Кӯлоб чорабинии сиёсӣ бо хонандагони муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии №2  вобаста ба баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон баргузор гардид.

Қайд гардид, ки имрӯз барои ҷавонон, иштирок ва фаъолияти онҳо дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ҳамаи омилҳо ва шароити иҷтимоиву фарҳангӣ ва иқтисодиву сиёсӣ фароҳам оварда шудаанд. Ва дар ин роҳ, пеш аз ҳама, азму талош ва кӯшишҳои ҷавонони лаёқатманду фаъол, ватандӯсту меҳанпарвари мо нақши ҳалкунанда дорад. Зикр бояд намуд, ки беш аз 32 сол мешавад, ки миллати сарбаланди тоҷик соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр буда, дар фазои Ватани маҳбубамон хуршеди истиқлол партавафшонӣ мекунад ва бо нурҳои ҳаётбахши худ дилу нияти бунёдкорона ва манзилу маъво, имрӯзу фардоямонро мунаввар месозад.

Ҷавонони саодатманди диёр бо шукргузорӣ аз чунин фазои ободу озод, аз ин хоки сарзамини биҳиштосо, аз неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату Истиқлолияти миллӣ, бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифодаи ифтихори миллӣ дар роҳи бунёд ва эҳёи давлати навин, ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббусҳои беназирро устуворона ва озодона пеша намуда истодаанд. Ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва нерӯи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Сарвари давлат боиси болидаруҳӣ ва ифтихори миллии ин қишри ояндасоз гардида, эътимоди онҳоро ба фардои дурахшон қавӣ ва масъулияташонро баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ дучанд менамояд.