ҲАШАРҲОИ НИҲОЛШИНОНИ БО АЪЗОЁН, ФАЪОЛОН ВА ҶОНИБДОРОНИ ҲХДТ ДАР ДЕҲАИ НАВОБОД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар деҳаи Навобод дар якҷоягии аҳли деҳа ҳашари ниҳолшинони баргузор гардид, ки дар он аҳли деҳа фаъолона иштирок намуданд.

Барои зебову назаррабо гардидани деҳа ва анҷом додани корҳои ободониву хуррамгардонӣ, сокинони деҳа бо дарки масъулияти баланд ва иҷрои рисолати шаҳрвандии хеш фаъолона иштирок намуданд.

Агар аз як тараф зебогиву сарсабзӣ ба ҳусни деҳа таровати дигар зам намояд, аз тарафи дигар барои боду ҳавои тоза ниҳолҳои ҳамеша сабз таъсири хуб мерасонад.