СОКИНОН АЗ ПЕШРАВИҲОИ КИШВАР РӮҲБАЛАНДАНД!

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Зери чунин унвон ҳизбиёни деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти Кӯлоб дар корҳои созандагиву ободонӣ мунтазам саҳмгузорӣ менамоянд.

Дар робита ба ин, ҳизбиён – сокинони деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти Кӯлоб ҷиҳати рафту омади бемамонияти сокинон роҳҳои байни кӯчаро дастаҷамъона сангфарш намуданд.

Бояд гуфт, сокинони бонангу номус ва шахсони саховатпешаи ин  деҳа пайваста тариқи ҳашар ҳар гӯшаеро обод меозанд, ки дар ин муддат бо дастгирии сокинон тариқи ҳашар дар ин маҳалла, корҳои зиёди созандагиву ободонӣ ба анҷом расонида шудааст.