ОБОДИИ ДИЁР АЗ МО ВОБАСТА АСТ!

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ, муташаккилона гузаронидани маъракаҳои кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Лағмон” шанбегии дастаҷаъмона баргузор гардид.

Дар шанбегии мазкур аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  гирду атрофи бинои муасисаро тамиз намуда, бо ин васила дар рушду нумӯи кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.