ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ МАРОМИ МОСТ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Ташабусҳои ҳизбӣ имрӯзҳо ҳамовозӣ пайдо карда, дар доираи онҳо корҳои созандагиву ободонӣ бомаром идома доранд. Дар доираи ташаббуси ҳизбии “Якҷоя ҳал месозем” дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “С.Сафаров” корҳои таъмириву азнавсозӣ рафта истодааст.

Аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “С.Сафаров” ба таври ҳашар бахшида ба 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  толори варзишии муассисаи худро, таъмир намуда истодаанд.