ПАЁМ – ДАСТУРИ МУҲИМ ВА РАҲНАМОНСОЗ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷ.Зарбдор-2” бо иштироки раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷ.Зарбдор-2” Шоҳдов Саймурод Бобоевичмуро бо иштирокдорон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ вохӯрӣ доир гардид.

Зимни вохӯрӣ баромадкунандагон Паёми Пешвои миллатро дар рушди минбаъдаи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дастури ҳидояткунанда маънидод намуда, қайд карданд, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам дастури муҳим ва раҳнамонсоз барои ҳар як сокини кишвар маҳсуб ёфта, ҳар як шахси ватандӯстро водор месозад, ки дар рушди минбаъдаи ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши сазовор дошта бошад.

Инчунин, дар рафти вохӯрӣ изҳор доштанд, ки ҳар яки фарди солимфикри ҷомеаро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри якпорчагӣ ва пойдории сулҳу суботи ҳамешагии ватани биҳиштосоямон пайваста сайъу талош намояд ва саҳми худро барои муҳайё сохтани шароити хуби зиндагӣ ба халқу миллатамон расонад.