ИДОМАИ АМАЛҲОИ ХАЙРИЯВИИ ВАКИЛЗАНИ ҲИЗБӢ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, сармуҳаррири ҳафтаномаи "Кулябская правда" Одинаева Ситора дар якҷоягӣ бо ҷалби шахсони эҳсонкору саховатпеша ба як қатор оилаҳои ниёзманди ҷомеа кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.

Ҳангоми расонида кӯмак нафарони эҳтиёҷманд бо хушнуди изҳори миннатдории хешро ба Роҳбарияти олии кишвар, инчунин, ба шахсони хайрхоҳу саховатманд расониданд.

Бояд гуфт, ки аз ҷониби ин вакилзани ҳизбӣ чунин иқдомҳои хайрхоҳона пайваста роҳандозӣ гардида, дар доираи он шахсони ниёзманд дастгирӣ меёбанд.