МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “КОЛЛЕҶИ ХУСУСИИ ТИББӢ”

Кӯлоб: Ҳисобот  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Коллеҷи хусусии тиббӣ” бо иштироки Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб – Сайвализода Салим, аъзои раёсати КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб – Ҳамидиён Орзу Маҷлиси ҳисоботӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилот дар соли 2023 баргузор гардид. Маҷлисро котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Имомалиев Хайриддин оғоз намуда, оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли сипаригардида гузориш дода, зикр намуд, ки сол то сол сафи аъзои ҲХДТ зиёд гашта истодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки эътиқоду эътимоди сокинони кишвар ҳамарӯза нисбати ин ҳизби созандаву бунёдкор зиёд гардида истодааст.

Дар соли сипаригардида масъулини ташкилоти ибтидоии «Коллеҷи хусусии тиббӣ» дар чорабиниҳои сиёсии фаъолона ширкат варзиданд. Соли сипаригардида барои аъзо ва ҷонибдорони ҳизб бисёр соли таърихию санҷишӣ буд, ки мо дар якҷоягӣ тавонистем ба ҳадафҳои сиёсии худ ноил гардем.

Баъд аз баррасии ҳисоботи котиби ташкилоти ибтидоӣ иштироки Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб – Сайвализода Салим, аъзои раёсати КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб – Ҳамидиён Орзу ба сухан баромада, аз дастовардҳои сиёсии ин ҳизби бонуфуз ёдовар шуда, ҳисоботи раисти ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш арзёбӣ кард.

Дар охири Маҷлис як чанд аъзои ҳизб баромад намуда, аз дастовардҳои даврони истиқлол суханронӣ намуданд. Ва инчунин, ташаббусҳои байнамилалии Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд.

Шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб