АКСИЯИ НИҲОЛШИНОНИ БАХШИДА БА 29-УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 9-декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Парастор” дар доираи таҷлили ҷашни 29-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ ва татбиқи дастури КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, ҷиҳати шинонидани ниҳолҳо бо ҷалби аъзоёни ташкилот ва ТҶҶ Созандагони Ватан зиёда аз 200 ниҳол шинонида шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, талошҳои пайгирона ва иқдомоти оқилонаи мардум дар робита ба амалӣ намудану пиёдагардонии Нақшаву Барномаҳои бузурги созандагиву бунёдгаронаи ҲХДТ шаҳодат аз он аст, ки ин ҳизб, ҳизби созанда, бунёдкор, раиятпарвар ва дар умум ҳизби мардумист.