МЕҲНАТИ СОФДИЛОНАИ ОМӮЗГОРОН

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Омӯзгорони МТМУ №7 – и шаҳри Кӯлоб ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳм мегузоранд. Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳар қитъаи замин дар шаҳри Кӯлоб самаранок  истифода шуда, омӯзгорон талош меварзанд, ки аз як замин ду-се ҳосил ба даст биёранд.

 Масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб аз раванди самаранок истифода бурдани замин дидан намуда, ба онҳо тавсияҳо дода онҳоро ба меҳнати софдилона дилгарм сохтанд. Омӯзгорон дар навбати худ ваъда доданд бо ин васила худ ва атрофиёнро бо маводи ғизои таъмин  менамоянд.