ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ...

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи масъалаҳои муҳими ҷомеа суҳбатҳу вохӯриҳо баргузор гашта истодааст.

Аз ҷониби КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб - Салим Сайвализода,  профессор,   ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсиони дар шаҳри Кӯлоб, аъзои раёсати КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  - Шоҳиён Алмосшо, шоираи Ваҳдатсаро, аъзои гурӯҳи таблиғотии  КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  - Хосият Вализода, узви фаъоли ҲХДТ - Шоҳин Ҳасан  мулоқоти судманд бо донишҷӯёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ободкор» доир гардид. Дар вохӯри аз ҷониби баромадкунандагон оид ба тамоми масъалаҳои мубрами рӯз, пешгирии терроризм ва экстремизм, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, касбомӯзии ҷавонон, тарбияи ҳарбӣ - ватанпарастии наврасону ҷавонон, маърифатнокӣ, забондонию донишандӯзии насли наврас, оилаву оиладорӣ ва ғайраҳо суҳбат карда шуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ, зикр  гардид, ки асоси ҳамаи ин масъалаҳои муҳими ҷомеаро, пеш аз ҳама тарбия, оила ва ҳидояти дурусти падару модар, дарсу тарбияти омӯзгор ташкил медиҳад.

Ҳамин тавр мулоқот бо саволу ҷавобҳо ва суханрониҳо судманду хотирмон анҷом пазируфт.

Дар охири вохӯрӣ ҷавонони сини даъвати ваъда доданд, ки баъди хатми муассиса ба сафи ҚМҶТ бо таври ихтиёри мераванд

Шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб.