ТАЪСИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ НАВИ ҲИЗБӢ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ вобаста ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва дархости шаҳрвандон ҷиҳати аъзо шудан ба ҲХДТ, таъсиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Сайвализода Салим Сайвалӣ  “ Колеҷи агросаноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар шаҳри Кӯлоб  маҷлиси муассисон баргузор гардид. Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб иштирокчиёни маҷлисро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, бо овоздиҳии иштирокдорон онро тасдиқ намуд.  Зикр гардид, ки дар асоси моддаи 4.2-и Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳолати ба қайд гирифтани 5 нафар аъзои ҳизб дар муассисаву корхонаҳо ва метавон ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дод. Оид ба ин масъала, иштирокчиён баромад карда, пешниҳоди мазкурро дастгирӣ намуданд.

Дар идомаи маҷлиси муассисон ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи "Абдуҷаббор Зардиев" таъсис дода шуд. Ҳамзамон, бо дастгирии аъзои ҳизб Аҳвророва Дилафрӯз раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур интихоб гардид. Дар идома аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ба нафарони нав ба сафи ҳизб шомилшуда супорида шуд. Оид ба масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдор кабул карда шуда, ба Кумитаи иҷроия пешниҳод мегардад. Сипас, аз ҷониби раиси Кумита иҷроия Сайвализода Салим Сайвалӣ масъалаҳои зерин баррасӣ карда шуданд: Шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ, мусоидат дар сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати “Модар-Ватан”, пешгирии ҷавонон аз шомилвавии ҳизбу ҳаракатҳои террористию, экстримистӣ вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва анҷоми корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар доираи аксияҳои ҳизбии “Якҷоя месозем!”; самаранок истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ. Дар охир аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии навтаъсиси “Абдуҷаббор Зардиев” ваъда доданд, ки дар корҳои ҳизбӣ фаъолона иштирок намуда, дар пешрафти фаъолияти ҳизбӣ саҳмгузорӣ менамоянд.