ТАШАББУСИ СОКИНОНИ ВАТАНДӮСТӢ ШАҲРИ  КӮЛОБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо максади саҳм гузоштан дар корхои ободониву созандагӣ, беҳтар намудани вазъи роҳ ва ҳаракати нақлиёт баҳри сокинон бо ташаббуси сокини маҳаллаи Фирдавсии  шаҳри Кӯлоб  роҳи дохилии маҳаллаи мазкур мумфарш гардид.

Хотиррасон бояд намуд, ки роҳҳи дохили маҳаллаи мазкур барои сокинон ва техникаву нақлиёт дар фаслҳои гуногуни сол барои гаштугузор мушкилӣ эҷод мекард. Аз ин рӯ, барои беҳтар гардидани ин қисмати роҳ, бо ҷалби техникаҳои ёрирасони роҳсозӣ корҳо дар самти мумфаршкунӣ ба анҷом расонида шуд.

Раванди босуръати корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар шаҳри Кӯлоб бозгӯи он аст, ки сокинони сарбаланди ин шаҳри бостонӣ иқдомҳои пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, баҳри рушду нумуи ватан марҳила ба марҳила корҳои назаррасро анҷом медиҳанд.