ИХТИЁРИЁНИ ҲИЗБӢ БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ОМОДААНД

Кӯлоб:  

ИХТИЁРИЁНИ ҲИЗБӢ БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ОМОДААНД

Дар шаҳри Кӯлоб корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва омодагии ҳарбии ҷавонон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Гузашта аз ин, омилҳои вусъатбахшии худшиносӣ ва меҳанпарастии ҷавонон дар ростои сиёсати кунунии Давлату Ҳукумат кор дода истодааст.

Бо корбарии якҷояи КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, МИҲД шаҳри Кӯлоб, Комисарияти ҳарбии шаҳр ва дигар фаъолони ҳизбӣ як нафар ҷавони фаъол Бобоқулов Эҳсон соли таваллудаш  2001 зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб  ҷ/д Зиракӣ деҳаи Сангпар барои рафтан ба хизмати ҳарбӣ ҳамчун сарбози ихтиёрии ҳизбӣ  худро дар комиссариятҳои ҳарбии шаҳр номнавис кардааст.

Ин гувоҳи он аст, ки шароити хуби хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ теъдоди зиёди ҷавононро бо хоҳиши худ ба ҳимояи марзу буми Ватан ҷалб месозад.