ВУСЪАТИ КОРҲОИ ТАЪМИРИВУ АЗНАВСОЗӢ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

              

Ташабусҳои ҳизбӣ имрӯзҳо ҳамовозӣ пайдо карда, дар доираи онҳо корҳои созандагиву ободонӣ бомаром идома доранд. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи сироятӣ” корҳои таъмириву азнавсозӣ рафта истодааст.

Аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи сироятӣ” ба таври ҳашар саҳни бинои муассисаи худро аз сангҳову партовҳо тоза намуда, таъмир намуда истодаанд. Ҳамзамон дар шафати роҳ гулҳои ороишиву мавсимӣ шинониданд.