ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ЭКОЛОГ” КОРО ҶОНОК НАМУД.

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  


    Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оиди дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани каналу селпартоҳо, соҳили дарёву ҷуйборҳо корҳои тозакунии дохили каналу селпартоҳои ҳудуди сойи Зиракӣ ҷараён дорад.

Бояд қайд намуд, ки каналҳои мавҷуда барои обёрии гулу сабза, дарахтони гулгашҳои Ҷ/Д Зиракӣ пешбинӣ гардидаанд.

Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб зимни суҳбату вохӯриҳо бо сокинон таъкид менамоянд, ки дар ободонию тозагӣ ва сарсабзии муҳити зист фаъолона ширкат варзида, барои дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани ҳолати экологии шаҳри Кӯлоб саҳми худро гузоранд.