ВУСЪАТИ КОРҲОИ ТАЪМИРИВУ АЗНАВСОЗӢ ДАР ДОИРАИ ТАШАББУСИ “МАКТАБИ МАН”

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ташабусҳои ҳизбӣ имрӯзҳо ҳамовозӣ пайдо карда, дар доираи онҳо корҳои созандагиву ободонӣ бомаром идома доранд. Дар доираи ташаббуси ҳизбии “Мактаби ман” дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Лоҳутӣ” корҳои таъмириву азнавсозӣ рафта истодаанд.

Ҳизбиёни  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Лоҳутӣ” ба таври ҳашар саҳни бинои муассисаи худро аз партовҳо тоза намуда, ҷойҳои таъмирталабро азнавсозӣ карда истодаанд. Ҳамзамон, дар шафати роҳ гулҳои ороишиву мавсимӣ шинонида, ба соли нави таҳсил омодагӣ мегиранд.